Милитсияи Тоҷикистон мавсими ошкор ва мусодираи маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро аз фурӯш оғоз кард, ки он ҳамасола аз аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, рӯзҳои ҷашни Соли нав ба авҷи худ мерасад.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, аллакай ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ сокини 32-солаи шаҳри Душанбе боздошт ва аз ӯ беш аз 10 ҳазор адади ин мавод дарёфт ва мусодира шудааст.

Нисбат ба дастгиршуда мутобиқи моддаи 199, иловаи 1-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Мувофиқи меъёрҳои моддаи зикршуда, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 11 ҳазор то 27,5 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.