Сокинони вилояти Хатлон тариқи бозии ба истилоҳ  “алик-малик”​​​​​​​ бо қарта пулҳои сокинон ва меҳмонони пойтахтро аз худ мекарданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсия 3 нафар сокинони ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлобро барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо қарта боздошт карданд.

Гуфта мешавад, Шаҳзод Шоқулов ва Муродалӣ Баротов, ҳар ду 35-сола ва Зафар Олимови 43-сола дар кӯча ва бозору маконҳои серодами пойтахт ба қартабозӣ ба ивази маблағ машғул шуда, бо роҳи фиребу макр маблағҳои шаҳрвандонро аз они худ мекардаанд.

Бо ҳукми Суд нисбат ба ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.