Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе 2 нафар, аз ҷумла, як писари ноболиғро барои даст доштан дар муомилоти маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) боздошт карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар терминали “Маром” зимни азназаргузаронии автомашинаи “Мерседес-Спринтер”, ки ба сокини 28-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тааллуқ дорад, 28 ҳазор дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира шудааст.

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт, назди боғи “Наврӯзгоҳ” кормандони милитсия писари ноболиғ, хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахтро дастгир ва аз ӯ 18 ҳазор дона маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира карданд.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот ҷараён дорад.

Мувофиқи меъёрҳои моддаи 199, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 11 ҳазор то 25 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавсими “шикор”-и маводи тарфгариро оғоз мекунанд: он аз аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, рӯзҳои ҷашни Соли нав ба авҷи худ мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.