Нилуфар Раҷабова – зане, ки 14-уми декабри соли гузашта барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт гардида буд ва бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон номаи кушод навишта, аз ӯ хоҳиш кардааст, барои ҳалли мушкилоташ мусоидат намояд.

Нусхаи ин мактубро Нилуфар Раҷабова ба “Азия-Плюс” ирсол карда, зимни суҳбат гуфт, ки ноадолатӣ ва хомӯшии шахсони дахлдор водораш кардааст, ба Озода Раҳмон мактуб навишта, онро расонаӣ бикунад.

“Дигар чорае надоштам ва намедонистам, ба кӣ муроҷиат намоям. Ба ҳар мақомоте, ки шикоят карда будам, хомӯшанд ва ба қазияи ман ҷиддан кор намегиранд. Аз боздошти ман дар ШВКД-и ноҳияи Сино як моҳ сипарӣ шуд, аммо то ҳол телефони маро барнагардонданд. Ҳама хомӯширо интихоб карданд. Барои ноадолатиҳо нисбат ба ман, яъне ҷаримабандӣ шуданам адвокат гирифтам ва бо мусоидати ӯ ба Суди касатсионӣ ариза навиштам. Ду ҳафта гузашт, аммо боз ҳам хомӯшӣ. Илоҷи дигар надорам ва умедворам, ки Озода Раҳмон мактуби маро мехонад”, - афзуд ӯ.

Нилуфар Раҷабова дар ин номаи кушод худро “як модари ҷафокашида ва озордида” меномад ва ба Озода Раҳмон на ба ҳайси роҳбари дастгоҳ, балки ҳамчун як зан ва модар муроҷиат мекунад.

Ӯ дар номаи кушоди худ аз ҷумла навиштааст: “Хоҳиш дорам, ки қазияи маро зери назари худ гиред, то мо ду модар исбот карда тавонем, ки модарон бузурганд ва намегузоранд, ки аз ин пас дар Тоҷикистон ҳуқуқи тифле ё зане ... поймол шавад”.
1/6

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.