Шуъбаи аудити Сарраёсати молияи вилояти Хатлон соли 2019 дар ташкилоту идораҳои буҷетии минтақаи ҷануби Тоҷикистон 7,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор кардааст.

Дар ин бора Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, аудиторони сарраёсати молия дар 633 ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои Хатлон санҷишҳои интихобӣ гузаронида, 7,5 миллион сомонӣ камбудӣ ошкор кардаанд.

“Аз зарари ошкоршуда дар рафти санҷишҳо 7,2 миллион сомонӣ барқарор гардид. Аз ин маблағ 4,4 миллион сомонӣ ба буҷет ва 2,7 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо рӯёнида шуд. Яъне аз ҷамъи умумии маблағҳои ошкоршуда 95 дарсад барқарор гардид”, - гуфт Назарзода.

Вай афзуд, камбуди маблағ аслан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва изофанависӣ дар сохтмонҳо ошкор шудааст.

“Дар соҳаи тандурустӣ бештар маблағҳо аз ҳисоби нодуруст муайян кардани музди меҳнат мебошад. Яъне дар робита ба ставкаҳои корӣ ва дараҷаи тахассусӣ нодуруст пардохт кардаанд. Аз ин ҳисоб 1,2 миллион сомонӣ ошкор шудааст”, - қайд кард сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.

Ӯ шарҳ надод, ки дар соҳаҳои дигар чӣ миқдор камбуди маблағҳо муайян гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.