Дар шаҳри Хуҷанд 2 ҷавон бо гумони фурӯши долларҳои қалбакӣ боздошт шуданд.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 28 ва 20-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазғои қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки онҳо бо мақсади ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ, аз шахси ба тафтишот номаълум 22 адад купюраҳои 100-доллараи амрикоии қалбакиро ғайриқонунӣ ба даст овардаанд.

Ин мардон 25-уми январи соли 2020 дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Хуҷанд ғайриқонунӣ 7 адад купюраҳои 100-доллараи амрикоии қалбакиро ба маблағи 6 ҳазору 300 сомонӣ фурӯхта, бо маблағҳои ба даст овардаашон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 281 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта)) оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.