Даъвои шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидов дар бораи ҷуброни зарар ба маблағи 1 млн. рубл қонеъ шуд. Соли 2016 миллатгарои рус Сергей Сарёв дар метрои Маскав ӯро таҳқир карда, ба сӯяш тир парронда буд.

Суди ноҳияи Черёмушкино дар бораи пардохти ҷуброни зарари моддӣ ба маблағи 589 377 рубл ва зиёни маънавӣ дар ҳаҷми 750 000 рубл ба ҷабрдида ҳалнома содир кард.

Тавре дар торнамои Кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ” хабар дода мешавад, манфиатҳои тоҷикистониро дар суд адвокат аз ҳамин ташкилот ҳимоя кардааст.

Баъд аз ду соли содир шудани ҷиноят додгоҳи мазкур Сергей Сарёвро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста, ӯро ба 10 солу 3 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум намуд.

Гуфта мешавад, суд нахуст баррасии даъво дар бораи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ ба ҷабрдида Сулаймон Саидовро рад намуда, танҳо пас аз пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳо дар бораи ҷароҳатгириву муолиҷаи беморӣ ва дар заминаи бадбинӣ содир шудани ҷиноят, ин даъворо баррасӣ кардааст.

Кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ” аз болои маблағи ҷуброни зарари моддӣ шикоят бурданист, зеро бар ин назар аст, ки суд хароҷоти минбаъдаи Саидовро барои муолиҷа ба инобат нагирифтааст.

Аммо хавфи он вуҷуд дорад, ки дар асл Сулаймон Саидов маблағро пурра гирифта наметавонад.

Тавре ҳуқуқшинос Андрей Сотников қайд мекунад, “ин ҷо сари рӯёнидани ҷуброн аз шахси воқеӣ сухан меравад, ки айни замон 10 сол муҳлати ҷазоро адо мекунад”.

“Ин муҳлати зиёд буда, дар зиндон чандон кор ҳам нест. Агар ҳатто Сарёв пас аз 10 сол ба озодӣ барояд, тибқи қонун, судиҷрочиён маблағи ҷубронро аз ӯ ҳар моҳ 50% аз ҳама гуна даромадаш мегиранд, аммо агар ӯ алимент диҳаду қарз ё дигар уҳдадориҳои пулӣ низ дошта бошад, пас ин ҳама мутаносибан тақсим мешавад”, - мегӯяд Сотников.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.