Прокуратураи вилояти Хатлон ба ҳамаи мақолаҳо ва барномаҳои танқидию таҳлилие, ки дар ВАО нашру пахш мешаванд, диққати ҷиддӣ медиҳад ва дар ҳолати зарурӣ санҷишҳои прокурорӣ мегузаронад.

Дар ин бора имрӯз, 29-уми январ ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддин зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.

“Прокуратураи вилояти Хатлон иҷроиши фармони №622-и Президенти ҶТ аз 7-уми феврали соли 2009 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”-ро баррасӣ кард. Дар соли 2019 вобаста ба 32 мақола ва барномаҳои танқидие, ки дар ВАО нашр гардида буданд, таҳлилҳо гузаронида шуд”, - илова кард ӯ.

“Дар 3 ҳолат ваҷҳҳое, ки дар мақолаҳо оварда шудаанд, пурра тасдиқи худро ёфтанд. Дар 9 мавод ваҷҳҳои журналистон қисман тасдиқи худро пайдо карда, дар 19 ҳолати дигар далелҳои овардаи муаллифон тасдиқ нашуданд. Ва 1 мавод мувофиқи тобеъият ба прокуратураи гарнизони ҳарбии Бохтар фиристода шуд”, - гуфт ёрдамчии прокурор.

Варқа Зайниддин афзуд, ки вобаста ба факту далелҳои тасдиқшуда прокуратураи вилояти Хатлон ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Зимнан баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар идораҳои дахлдор пешниҳод ирсол гардид. Ҳамчунин шахсони ба ин камбудиҳо роҳдода ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуданд.
Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода

Дар робита ба ин масъала прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода қайд кард, ки прокуратураи вилоят ҳамеша матолиби нашру пахшкардаи ВАО-ро пайгирӣ мекунад ва барои рафъи камбудиҳои зикршуда чора меандешад.

“Мо натанҳо аз мақолаю барномаҳои таҳлилию танқидӣ хулоса мебарорем, балки аз суолҳое, ки дар рафти нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби намояндагони ВАО ироа мешаванд, нақшаи корӣ тартиб дода, баҳри чораҷӯйӣ ва бартараф кардани норасоиҳо ба прокуратураҳои шаҳру навоҳии вилоят дастур медиҳем”, - гуфт Маҳмудзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.