Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 41, 40 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, номбурдагон санаи 28-уми январи соли 2020 бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ машғул шудаанд ва зимни азназаргузаронӣ аз онҳо 55 ҳазор рубли русии қалбакӣ ва 3 ҳазору 500 сомонӣ гирифта шудааст.

Зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 281 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Тайёр кардан  бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга ё  қоғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори  хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида,  тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.