Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ аз ҷой доштани амалҳои номатлуби нашъамандӣ миёни наврасону ҷавонон ва тиҷорати шаҳвонӣ дар байни занон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки шароити зиндагии аксари онҳо хуб аст.

“Вақте мо вазъи нафарони мубталои нашъамандиро таҳлил кардем, маълум шуд, ки ба он бештар нафарони шароити зиндагиашон хуб гирифторанд. Он пул меистад-ку. Хоҳед-нахоҳед, ӯ барои зинда монданаш бояд маблағ пайдо карда, маводи мухаддир ба даст орад. Қисми зиёди гирифторони бемории нашъамандӣ фарзандони хизматчиёни давлатиянд”, - гуфт Солеҳзода.

Ба андешаи ӯ, ҷомеа ва мақомот то андозае дар ҳалли ин масъала бетарафӣ зоҳир кардаанд.

“Мо вақте Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро баррасӣ кардем, фақат ба кӯчагардию беҳуда нагаштани кӯдакону наврасон аҳаммият додем. Вале ҳамин масъаларо як тараф мондем, ки фарзанди ҳамон падару модар барои чӣ ва аз кадом шароит даст ба нашъамандӣ задааст?”, - афзуд сардори РВКД дар вилояти Хатлон.

Искандар Солеҳзода ҳамчунин ҳолатҳои танфурӯшии бархе занонро ташвишовар донист.

“Одатан, ба камбизоатӣ ва шароити пасти моддию иҷтимоӣ ишора мекунанд, ки занон аз ин сабаб даст ба фоҳишагӣ мезананд. Вақте мо таҳлил карда баромадем, қисми зиёди онҳо шароити хуби зиндагӣ доранд, хонаву дар доранд, ягон камбудӣ надоранд. Мутаассифона, боз ба ин роҳ мераванд, ки бисёр ташвишовар аст”, - илова кард генерал.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.