Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3 сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар пойтахт бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо боздошт карданд.

Тибқи иттилои ВКД, сокинони ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Хоруғ – мардони 30, 32 ва 59-сола дар бастани аҳди ғайриқонунӣ гумонбар дониста мешаванд.

Гуфта мешавад, ин шахсон дар кӯчаи Яккачинари шаҳри Душанбе дастгир шуда, аз онҳо 53 адад сангҳои гаронбаҳои табиӣ дарёфт ва мусодира гардид.

Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи ҶТ, сангҳои мусодирашуда “Ёқути сурх” буда, вазнашон 47,76 граммро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.