Кормандони милитсия зани 34-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт карданд.

Бино ба иттилои ВКД, номбурда, санаи 7-уми феврали соли 2020, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 34-солаи сокини кӯчаи П.Толис ва зани 33-солаи сокини кӯчаи Зарафшон барои алоқаи ҷинсӣ шароит муҳайё кардааст. Ӯ барои ин амалаш аз онҳо 400 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.