Суди ноҳияи Черёмушкии шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Кароматулло Ҷабборовро барои пранк (саҳнасозӣ) дар бораи коронавирус дар метрои Маскав ба ҳабс гирифт. Ӯ саҳнаеро дар бораи афтидан ва дасту по задани дӯсташ дар метро ба навор гирифтааст. Дар ин бора dw.com маълумот медиҳад.

Тавре аз хадамоти матбуоти суд хабар додаанд, муҳлати ҳабс дар боздоштгоҳи тафтишотӣ то 8-уми март муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба Кароматулло Ҷабборов мутобиқи моддаи “Авбошӣ” парванда оғоз шуда, ба ӯ то 5 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки ӯ ин саҳнасозиро ба навор гирифта, сипас дар шабакаҳои интернети мутааллиқ ба гурӯҳи Kara.Prank гузоштааст.

Адвокати айбдоршуда Алексей Попов чунин мешуморад, ки Ҷабборов бо ин амалҳои худ танҳо “таваҷҷуҳи ҳукуматро ба мушкилот” ҷалб карданист.

Тибқи маълумоти пулис, аввали моҳи феврал ҷавоне дар вагони метро бо вонамуд кардани хуруҷи беморӣ меафтад ва дасту по мезанад. Дар ҳамин ҳол, ҳамроҳони ӯ фарёд мекунанд, ки ӯ ба сирояти вируси хатарнок гирифтор аст. Мусофироне, ки ба ӯ ёрӣ доданӣ буданд, дарҳол худро канор гирифта, аксари онҳо дар истгоҳи наздиктарин аз вагон берун мешаванд.

Пулиси Маскав 2 нафар сокинони ин шаҳр – ҳаммаслакони эҳтимолии пранкерро дастгир кардааст. Намояндаи ВКД Русия Ирина Волк гуфтааст, “онҳо бекоранд” ва баёноти тарк накардани маҳалли зист додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.