Сокини 32-солаи ноҳияи Мурғоб бо гумони шикори ғайриқонунии гӯсфанди “Марко-Поло” дастгир шудааст. Зарари расонидашуда 232 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғоб мошини тамғаи “Митсубиси-Паҷеро” таҳти идораи ронандаи 32-солаи сокини деҳаи Бердибек бо гумони шикори ғайриқонунӣ боздошт шуд.

Дар вақти аз назар гузаронидани мошин аз дохили бағоҷ 27 килову 15 грамм гӯшти гӯсфанди нодири “Марко-Поло” дарёфт ва мусодира шуд.

Муайян гардид, ки гӯшти гирифташуда ба мусофири ин воситаи нақлиёт – марди 36-солаи сокини деҳаи Мурғоб тааллуқ доштааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.