Дар нишасти матбуотии имрӯзаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ зикр шуд, ки аз рӯйи далели аввали соли 2016 ба буҳрон дучор шудани чанде аз бонкҳои Тоҷикистон ҳеҷ касе аз ҳайати раҳбарии бонк, аз ҷумла, собиқ раисони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда нашуданд.

Зимни посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки айни замон 800 иншооти манқул ва ғайриманқули қарздорони “Агроинвестбонк” ба маблағи умумии 900 млн сомонӣ таҳти ҳабс қарор гирифтаанд.

“Иншооти ҳабсшуда ба фурӯш гузошта шуда, маблағи аз онҳо бадастомада ба ҷуброни зиёни аз ҷониби бонк расонда равона мешаванд”, - қайд кард ӯ.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли гузашта дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар изҳор дошт, ки дар баъзе мавридҳо масъулини бонкҳо ба азонихудкунии маблағҳои пулӣ даст зада, ба шахсони наздики худ бидуни таъмини гарав ва ғайриқонунӣ қарзҳои бонкӣ додаанд.

Он замон президент таъкид дошта буд, ки нисбат ба кормандони “Агроинвестбонк” 68 парвандаи ҷиноятӣ оид ба тасарруфи 40 млн сомонӣ ва нисбат ба кормандони “Тоҷиксодиротбонк” аз рӯйи далели азхудкунии 65 млн сомонӣ 60 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.