Яке аз ин ҷиноятҳо тамаъ кардани пора аз ҷониби роҳбари кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки барои ҷудо кардани замин баҳри таъсиси хоҷагии деҳқонӣ 90 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза дар ин робита иттилоъ доданд, ки раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ Сабзаалӣ Шокиров барои ҷудо кардани 9 гектар қитъаи замин аз сокини маҳаллӣ 90 ҳазор доллар пора талаб кардааст. Мансабдор ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллар бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Ғайр аз ин, кормандони Агентии зиддифасод дар шаҳри Ваҳдат дуздии 16,5 млн кВт/соат нерӯи барқро ошкор кардаанд: 2,9 млн сомонӣ маблағи истифодаи ин ҳаҷми қувваи барқро раҳбарияти корхонаи шабакаҳои барқи маҳаллӣ аз соҳибкорон ба сифати пора мегирифтааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки соли гузашта аз рӯйи далели муомилоти ғайриоқонунӣ бо асъори хориҷӣ 4 нафар кормандони баландпояи “Амонатбонк” боздошт шудаанд. Тафтиши ин далел дар робита ба авфи эълоншуда қатъ гаштааст.

Соли гузашта кормандони Агентии зиддифасод дар маҷмӯъ 2 ҳазору 154 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодӣ ва вобаста ба пардохти андозро ошкор кардаанд, ки 644-тои онҳо ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.