Ду нафар гумонбарони ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сергиев Посади вилояти Маскав боздошт шуданд.

Тавре «Московский комсомолец» хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокинони маҳаллии 32 ва 23-сола боздошт шуда, тафтишот ҷараён дорад. Нашрия иттилоъ медиҳад, ки фарзияи содир шудани ҷиноят дар заминаи миллатгароӣ санҷида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми феврал бар асари ҷанҷолу занозании дастаҷамъона дар вилояти Маскав 2 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Муноқиша нимаи шаб дар назди қаҳвахонаи “Звездочка” дар Сергиев Посад ба амал омад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.