Сокини шаҳри Конибодом Таҳмина Саъдуллоева худро майори милитсия муаррифӣ карда, ба боварии мардум даромадааст ва аз шаҳрвандон қариб 1 миллиону 700 ҳазор рубли русӣ тассаруф намудааст. Вале тафтишот нишон дод, ки ӯ дар ягон вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият надошта, барои худ либоси низомии қалбакӣ бо рутбаи майор омода кардааст.

Бино ба иттилои ШВКД-и шаҳри Конибодом, гумонбаршуда Таҳмина Саъдуллоеваи 36-сола истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Пӯлодон худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб маблағ ба даст оварда, аз иҷрои кори ваъдагӣ ва баргардонидани пул сарпечӣ кардааст.

Дар ШВКД-и шаҳри Конибодом дар асоси муроҷиати 3 ҷабрдида нисбат ба шаҳрванд Таҳмина Саъдуллоева бо моддаи 247 қисми 4-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ин зан давоми соли 2019 ба боварии сокинони шаҳру деҳоти Конибодом даромада, айни ҳол тафтишот 3 ҳолати қаллобиро  ба гумонбаршуда нисбат медиҳад. Ӯ моҳи июни соли 2019 бо ваъдаи мусоидат дар гирифтани квотаи шаҳрвандии Русия аз шаҳрванд Анвар Салимов 80 ҳазор рубли русӣ, моҳи октябри ҳамон сол бо баҳонаи аз хориҷа овардани сабукрави “Тайота Кемри” аз Икром Бобоҷонов 429 ҳазор рубли русӣ ва моҳи марти соли гузашта аз ҷабрдидаи дигар як миллиону 175 ҳазор рубли русӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсӣ истифода кардааст.

Худи гумонбаршуда дар навори видеоӣ мегӯяд, ки аз пӯшидани либоси майори милиса пушаймон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.