Мардони 20 ва 22-сола хонаи дар пойтахт ба иҷора гирифтаро барои алоқаи ҷинсии дигарон фароҳам овардаанд.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар сокинони хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Нахимови шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир шуданд.

Онҳо 19-уми феврал, тахминан соати 11 хонаи ба иҷора гирифтаашон, воқеъ дар кӯчаи Ғанӣ Абдуллоро барои алоқаи ҷинсӣ ба марди 21 ва зани 36-солаи сокинони пойтахт пешниҳод карда, аз онҳо 250 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.

Боздоштшудагон худи ҳамон рӯз тахминан соати 19:00 хонаи мазкурро барои алоқаи ҷинсӣ ба марди 34 ва зани 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе фароҳам оварда, аз онҳо 170 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаанд.

Инчунин онҳо бо ҳамин роҳ 19-уми феврал тахминан соати 16:00 хонаи ба иҷора гирифтаро барои алоқаи ҷинсӣ ба марди 32 ва зани 36-солаи сокининони пойтахт дода, аз онҳо 250 сомонӣ маблағ гирифтаанд.

Аз рӯйи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.