Як сокини ноҳияи Спитамен барои лату кӯби шадид ва ба худкушӣ расонидани завҷааш ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 1-уми августи соли 2019 аз соати 2 то 4-и шаб Абдуллоева П.М. аз ҷониби Мамаҷонзода М. бинобар пок кардани рақами телефони мобилии “Фарангис” ном духтар аз хотираи телефон зери лату кӯби шадид қарор гирифтааст. Духтари мазкур дӯсти шавҳараш буда, онҳо тавассути “Вайбер” 31-уми июли ҳамон сол суҳбат кардаанд.

Абдуллоева аз ин муомилаи бераҳмона ва паст задани шаъну шарафаш аз тарафи шавҳар тоб наоварда, маҳлули сирко истеъмол карда, сӯиқасд ба худкӯшӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки Мамаҷонзода моҳи январи соли 2019 дар асоси ақди никоҳи мусулмонӣ бо шаҳрванд Абдуллоева оила барпо кардааст. Ӯ дар давоми зиндагии якҷо мунтазам нисбат ба ҳамсараш муносибати бераҳмона карда, ӯро зери лату кӯб қарор дода, шаъну шарафашро паст задааст.

Прокурори ноҳияи Спитамен нисбат ба Мамаҷонзода бо моддаи 109-и КҶ ҶТ (Ба худкушӣ расонидан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суд фиристодааст. 

Мамаҷонзода бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 5 сол таъин гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.