Сокинони манзилҳои воқеъ дар наздикии тарабхонаи “Абрикол” дар кӯчаи Ғуломови шаҳри Душанбе ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазона Раҳимзода муроҷиат намуда, шикоят кардаанд, ки фаъолияти шабонарӯзии ин тарабхона оромии онҳоро халалдор месозад.

Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, санҷишҳо нишон додаанд, ки дарвоқеъ қаблан нисбат ба маъмурияти тарабхонаи “Абрикол”​​​​​​​ ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардида, оиди риоя кардани реҷаи корӣ огоҳонида шудааст, вале маъмурияти тарабхона чора надида, ин кирдорҳоро идома додаанд.

Гуфта мешавад, бинобар аз тарафи маъмурияти тарабхонаи мазкур риоя нагардидани реҷаи кории муқарраршуда, нисбат ба роҳбари тарабхонаи “Абрикол”​​​​​​​ такроран бо дастрасии моддаи 462, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, фаъолияти ин марказ муваққатан манъ карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз соли 2012 реҷаи кори муассисаҳои фароғатӣ, иншооти фарҳанг ва хизматрасонии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон то соати 23:00 ва баҳору тобистон – то 24:00 муқаррар шудааст. Агар иншоот дар назди манзилҳо ва мактабу беморхонаҳо ҷойгир нашуда бошанд, то соати 01:00-и шаб кор карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.