Прокуратураи маҳаллӣ директори тарабхонаи хусусии “Зулола” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Зиёда Ғафуроваро ба риоя накардани меъёрҳои моддаи 10-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” айбдор донист.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, меъёри зикршудаи қонун баргузории тӯйи домодию арӯсиро бо оростани зиёфат барои 150 нафар муқаррар кардааст.

Гуфта мешавад, дар тӯйхонаи мазкур 25-уми декабри соли гузашта ҳангоми баргузор кардани тӯйи домодию арӯсӣ барои зиёда аз 160 нафар меҳмонон ҷойи нишаст ва шароит муҳайё шуда буд.

Аз рӯйи ин далел прокуратураи ноҳия санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, бо қарори суди маҳаллӣ ба Зиёда Ғафурова 38 ҳазору 800 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.