Корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аксҳои 24 қоидавайронкунии ронандагонро ирсол карда, нисбат ба онҳо андешидани чораҳои қонуниро дархост кардаанд.

Бино ба иттилои РВКД, дар асоси расмҳои ирсолкардаи шаҳрвандон ронандагони воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳозир карда шуданд.

“Аз натиҷаи тахлилҳо ва расмҳои ирсолкардаи шаҳрвандон бармеояд, ки бештари маврид маҳз соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш бо рақамҳои ба қавле «крутой» ба қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат роҳ додаанд. Ин беэҳтиромӣ нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ буда, аз маданияту маърифати пасти чунин афрод дарак медиҳад”, - гуфта мешавад дар хабари РВКД.

Нисбат ба ҳамаи ин 24 ронадагон тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳо тартиб дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.