Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 3 шаҳрванди Афғонистонро бо миқдори зиёди маводи нашъаовари синтетикӣ боздошт карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, аз онҳо 6 бастаи полиэтиленӣ бо 10 кило маводи нашъаовори синтетикӣ – метамфетамин дарёфт ва мусодира шудааст.

Нисбат ба шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Аз додани маълумот дар бораи дигар ҷузъиёти қазия манбаъ худдорӣ варзид.

Қаблан раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки солҳои ахир ҳодисаҳои мусодираи маводи нашъаовари синтетикии психотропӣ афзудааст. Соли 2018 аз ҷониби Агентӣ 15,8 ҳазор ва соли 2019 – 7,5 ҳазор ҳаб (таблетка)-ҳои нашъаовар мусодира шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон “як дона ҳаби метамфетамин дар бозори сиёҳи савдои яклухт бо нархи 20-25 доллар (200-250 сомонӣ) фурӯхта шуда, дар бозори чакана нархи он беш аз 300 сомониро ташкил медиҳад”.

Агар ба инобат гирем, ки вазни як ҳаб ба ҳисоби миёна ба 0,4 грамм баробар аст, пас нархи тахминии маводи мухаддири мусодирашуда ба миллион доллар наздик мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.