Додгоҳи шаҳри Душанбе имрӯз ҳукми роҳбари шаркати “Инвест лото” ва ҳамкоронашро содир кард. Онҳо дар созмондиҳии қиморхонаҳо бо истифода аз мизу автоматҳои бозӣ барои бурди пулӣ, инчунин муомилоти ғайриқонунии асъор гунаҳкор дониста шуданд.

Судяи додгоҳи шаҳри Душанбе Тоҳир Мӯсобекзода, ки ҳукми ин парвандаро имрӯз эълон кард, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки он ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст.

“Маҳкумшудагон то 10 рӯз ҳуқуқи шикоят карданро доранд. Баъд аз ҳукмро хондан, онҳо ба хабарнигорон гуфтанд, ки мо шикоят мекунем. Онҳо ҳақ доранд, метавонанд шикоят кунанд”, - изҳор дошт Мӯсобекзода.

Судя афзуд, ки роҳбари ширкат Муҳиддин Назаров 19 сол ва ду корманди ӯ – Фаромарз Наҷотов ва Максим Попович 22 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Кормандони дигари ширкати “Инвест лото” Каюмарс Киромов – 19 сол, Комбиз Наҷотов – 18 сол, Нурулло Аҳроров – 11 сол, Саидшоҳ Камаров – 10 сол, Машҳур Алиев – 7 сол ва Комбиз Истадов – 6 сол зиндонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз боздошти 9 узви ин гурӯҳ, ки 7 нафарашон тоҷикистонӣ ва 2 каси дигар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, моҳи октябри соли гузашта дар барномаи махсуси “Прокуратура”-и телевизиони “Тоҷикистон” хабар дода буд.

Созмондиҳандагони асосии қиморхонаҳо – Милош Алексеевич ва Максим Попович шаҳрвандони кишварҳои Сербия ва Черногория мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.