Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯйи далели порагирӣ сокини шаҳри Кӯлоб Басбӣ Қаюмоваро боздошт карданд.

Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, ӯ худро омӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб муаррифӣ намуда, барои мусоидат ба қабули сокини маҳаллӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ӯ 12 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои тафтишотӣ-оперативӣ номбурда баъди бо роҳи фиреб гирифтани маблағи пулии 2 ҳазору 300 доллари ИМА ва 17 ҳазору 600 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгир карда шуда, маблағи пулӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд”, - қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 247, қ. 4 КҶ ҶТ (Қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ ҷазои то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.