Як марди 67-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши одамон боздошт шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард соли 2017 ширкати ҶДММ “Имкон-2015”-ро ташкил карда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди шоҳигарии Арабистони Саудӣ, бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-солаи сокини кӯчаи Каҳҳорови пойтахт даромада, ӯро ба шаҳри Риёзи шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурдааст.

Дар он шаҳр ин занро муддати зиёда аз 6 моҳ мавриди истисмори меҳнатӣ қарор дода, ҳуқуқашро ба пуррагӣ маҳдуд кардаанд ва бе музди маошу соати муқаррарӣ ҳамчун ғулом кор фармудаанд.

Нисбат ба гумонбар аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 130 КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.