Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Фирдавс Саидзода барои худро корманди ВКД муаррифӣ карда, машғули тамаъҷӯӣ шуданаш ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, номбурда шоми 27-уми сентябри соли гузашта дар меҳмонхонаи “Даҳбед”-и шаҳри Ҳисор бо шаҳрванд М.А. вохӯрда, ба ӯ шаҳодатномаи рангаш сурхеро, ки аз мағозаи фурӯшӣ ҷиҳозҳои конселярӣ харидааст, нишон додаааст ва худро корманди ВКД Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Баъдан Саидзода ин занро тахдид кардааст, ки нисбаташ барои фоҳишагӣ парванда оғоз карда, ӯро дар назди хешу табор ва падару модараш бадном месозад.

М.А. аз таҳдиди ӯ тарсида, хоҳиш кардааст, ки нисбаташ чораандешӣ накунад. Фирдавс Саидзода бо истифода аз фурсат маблағи 2 ҳазор сомонӣ аз ин зан гирифтааст, то нисбаташ павранда тартиб надиҳад. Маблағи бо роҳи фиреб ба даст овардаро ба манфиати шахсияш сарф карда, бо ин кирдор ба М.А. зарари моддӣ расонидааст.

Инчунин Саидзода такроран 7-уми октябри ҳамон сол худро корманди ВКД муаррифӣ карда, шаҳодатномаи қалбакиро ба шаҳрванд Б.И. нишон додааст ва бо таҳдид 1000 сомонӣ аз ӯ тамаъҷӯи кардааст.

Номбурда 18-уми октябр зимни ба даст овардани маблағи мазкур аз шаҳрванд Б.И. аз тарафи кормандони ҳифзи ҳукуқи шаҳри Ҳисор дастгир карда шуд. Дар натиҷа аз номбурда шаҳодатномаи рангаш сурх, ки дар он ягон ному насаб дарҷ нашудааст, ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шудааст.

Фирдавс Саидзода бо моддаи 250 қисми 2 банди «а» КҶ ҶТ (Тамаъҷӯӣ) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум ва дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр адои ҷазо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.