Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ваъда медиҳад, ки шахсони дар паҳнкунии овозаҳои беасос оид ба коронавирус дастдоштаро ба ҷавобгарӣ мекашад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.
Корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Ҷамшед Абдуллоев дар ин хусус шахсан ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст.
“Аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дархост мекунам, ки дар робита ба вазъи харидории миқдори хеле зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби аҳолӣ, нисбат ба як гурӯҳи тоҷирон, ки ба воридот ва фурӯши орду равған машғуланду дар бораи паҳншавии коронавирус дар кишвари мо овозаҳо паҳн карда, мардумро ба ташвиш андохтанд, тадбирҳои қонунӣ андешида шавад”, - навиштааст корбар дар муроҷиаташ.
Вобаста ба ин муроҷиат ВКД изҳор медорад, ки овозаҳо дар бораи коронавирус асоси воқеӣ надоранд ва мақомот барои муайян кардану боздошти шахсони дар ин кор дастдошта ҳамаҷониба чора андешида истодааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 4 ва 5 март дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳри Душанбе пас аз паҳншавии овозаҳо дар бораи коронавирус мардум ба харидани миқдори хеле зиёди маҳсулоти ғизоӣ – орду равған, шакар, макарон ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз карданд.
Дар ин рӯзҳо нархи орд ба андозаи 15-20% афзуда, арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 200-210 сомонӣ то ба 240-250 сомонӣ боло рафт.
Пеш аз рӯзҳои истироҳат, 6-уми март ташвишу таҳлукаи мардум кам шуда, вазъ ба эътидол омад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои як манбаъи “Азия-Плюс” дар шаҳри Турсунзода, нисбат ба як тоҷири яклухтфурӯши орд аз рӯйи далели беасос боло бурдани нарх ба маҳсулоташ мувофиқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда оғоз шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста