Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрванди 20-солаи Афғонистонро, ки муваққатан дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад, ба гумони дуздидани мошин боздошт карданд.

“Гумонбаршуда рӯзи 8-уми феврали соли равон автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-и сокини 26-солаи шаҳрро барои таъмир гирифта, сипас мошинро аз он ҷо ғайриқонунӣ ба самти номаълум бурдааст”, - хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ӯ 9-уми март ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Данғара-Бохтар”, воқеъ дар 66-ум километр қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, воситаи нақлиётро чаппа мекунад.

“Гумонбар бо ин кирдораш ба ҷабрдида 60 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонид”, - қайд мешавад дар хабар.

Айни замон гумонбар дар боздоштгоҳ қарор дошта, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.