Сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Файзалӣ Муродов барои қоидавайронкунӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ бо мошини шахсӣ боздошт шудааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, навори қоидавайронкунии ронандаи сабукрави тамғаи “Опел-Астра”, рақамҳои қайди давлатиаш 1685 СР 01 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардид. Қоидавайронкуниҳои ӯ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, хусусан, корбарони Фейсбук қарор гирифта, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш карданд, ки нисбат ба ронандаи мошини мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Муайян карда шуд, ки ронандаи ин сабукрав Файзалӣ Муродов мебошад. Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи С.Шерозӣ ба самти кӯчаи Н.Қарабоев қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон карда, ба таври ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст.

Ҳамзамон дар натиҷаи санҷиш тавассути камераҳои «Шаҳри бехатар» муайян карда шуд, ки номбурда дар 26 ҳолати дигар низ қоидаҳои ҳаракатро дағалона дар муддатҳои гуногун вайрон кардааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба Файзалӣ Муродов барои бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғул шудан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, мошини ӯ то пурра барқарор кардани ҷаримаҳои 26 ҳолати қоидаваронкунӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.