Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсар марди 27-солаи сокини шаҳри Норакро боздошт карданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, боздоштшуда рӯзи 25-уми март дар кӯчаи “Братский”-и шаҳри мазкур бо ҳамсараш – ҷавонзани 25-сола ҷанҷол карда, 7 маротиба бо корди қатшавандаи кисагӣ ба узвҳои гуногуни баданаш зарба задааст.

“Сипас ба узвҳои бадани модарарӯсаш – зани 45-сола бо корд 2 маротиба зарба зада, ӯро захмӣ кардааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида дар беморхона бистарӣ шудааст”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, айни замон гумонбар дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.