Раиси Ассотсиятсияи истифодабарандагони оби “Ҳайдар 2017” дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Сайфулло Юсупов дар содир кардани ҷинояти тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва камомад гумонбар мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Юсупов зимни кор ба ҳайси роҳбари ин Ассосиатсия дар давраи солҳои 2018-2019 аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи мазкур тибқи шартномаҳо ва санадҳои қабул ба миқдори 48456 ҳазор метри мукааб оби полезиро ба маблағи беш аз 1,1 млн сомонӣ сомонӣ қабул кардааст.

“Минбаъд ӯ бо мақсади тасарруфи молу мулки давлатӣ бо шахсони масъули ҶДММ “Спитамен Текстайл”-и ноҳияи Спитамен маслиҳати пешакӣ намуда, дар ҳисоботи муҳосибӣ маблағи хизматрасонии аз ҳисоби оби полезӣ ҷамъовардаро нишон надода, ба хазинаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия танҳо маблағи 269,904 сомонӣ пардохт карда, боқимонда маблағи 854,640 сомониро тасарруф кардааст ва ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонидаст”, - қайд мешавад дар хабари маркази матбуоти Агентӣ.

Айни замон нисбат ба Сайфулло Юсупов ва дигар афроди дар ин амали ғайриқонунӣ дастдошта мутобиқи моддаи 245, қ.4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.