Сокини 22-солаи ноҳияи Рудакӣ дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ ҳамчун гумобар дастгир шудааст.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 1-уми апрел, тахминан соати 21:30 дақиқа дар назди маркази савдои «Баракат»-и пойтахт марди 35-сола ва ҷавонзани 19-солаи сокинони шаҳри Душанберо барои алоқаи ҷинсӣ бо ҳамдигар шинос карда, бар ивазаш 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ин зан боздошт гардид. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Инчунин аз ҷониби кормандони милитсия зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Ин зан 24-уми март дар хонаи истиқоматияш барои алоқаи ҷинсӣ ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Спитамен ва зани 28-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ) оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.