Дар асоси ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, дар қаламрави кишвар баста шуданд, хабар додааст бахши иттилооти Суди Олӣ. Аммо сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур мегӯяд, бастани он дар Тоҷикистон як амали ғайриқонунӣ ва ҳамлаи рӯирост ба озодии матбуот аст.

Дар маълумотномаи 8-уми апрел нашркардаи маркази матбуоти Суди Олии Тоҷикистон чунин навишта шудааст:

“Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст.

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 18 феврали соли 2020 қонеъ карда шудааст.

Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст”.


Муассис ва сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур ин иттиҳоми гӯё “хидмат кардан ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ”-ро шадидан рад мекунад. Ӯ муроҷиати додситони кул ва қарори Додгоҳи олиро як намунаи навбатии ҳамлаи ошкор ва бепарда ба озодии матбуот ва озодии сухан дар Тоҷикистон мешуморад.

“Идораи сомонаи “Ахбор” тайи моҳҳои охир таҳти ҳамлаи густардае қарор дошт ва беш аз 20 нафар, аксаран хабарнигорон дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба КДАМ ва УБОП даъват шуда, бо гумони ҳамкориашон бо “Ахбор” бозпурсӣ шуданд, телефонҳову компютерҳои онҳоро ғайриқонунӣ гирифта, тафтиш карданд. Вале аҷаб ин аст, ки ба зидди мо парванда сохтанду як бор худи моро напурсиданд, ба додгоҳ низ намояндаи мо даъват нашудааст”, - изҳор дошт Салимпур.

Вай афзуд: “Муроҷиати додситон ва қарори Додгоҳи олӣ як навъ кӯшиши бо таъхир «қонунӣ» кардани қарорҳои қаблии мақомоти Тоҷикистон аст. Зеро сомонаи тоҷикии “Ахбор” дар дохили Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2017 ва сомонаи русиаш аз моҳи январи соли 2019 бе ин ҳам ғайриқонунӣ масдуд шуда буд. Ва ҳоло бо шакле мехоҳанд он амалҳои ғайриқонуниро, ки беш аз ду сол боз анҷом медоданд, ҷомаи қонун пӯшонанд”.

Сардабири сомонаи “Ахбор” таъкид кардааст, ки он як тарҳи комилан мустақили журналистӣ аст ва ба ягон гурӯҳу ҳизбу ҳаракат вобаста нест – на ба тарафи ҳукумат ва на мухолифинаш.

Мирзои Салимпур мегӯяд: “Мақомот мехоҳанд аз “Ахбор” барои фош кардани мавридҳои фаровони коррупсия, порахӯрӣ ва дигар камбудиҳое, ки ин сомона фош мекунад, ниқор бигиранд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.