Суди шаҳри Турсунзода як сокини ин шаҳрро барои гузаронидани тӯйи духтараш бе қайд дар мақомоти ваколатдор ба маблағи 5800 сомонӣ ҷарима кардааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Ҳикматулло Болтаев хилофи талаботи қисми 1 моддаи 10-и Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон” амал кардаааст. Ӯ шоми 24-уми январи соли ҷорӣ бе қайд дар мақомоти ваколатдор аз соати 17:30 то 18:40 зиёда аз 35 касро ба хонааш даъват карда, ба муносибати тӯйи арӯсии духтараш Сурайё Болтаева зиёфат додааст.

Номбурда ҳамчунин 25-уми январ аз сармутахассиси ҷамоати деҳоти Қаратоғ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тавсиянома барои гузаронидани оши арӯсии духтараш аз соати 16:00 то 19:00 гирифта, хилофи талаботи қонун такроран ба мардум зиёфат додааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ ин қонунвайронкунӣ ошкор шудааст.

Нисбат ба Болтаев Ҳ.Ҳ. 28-уми январ аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода бо моддаи 481 қисми 1 (Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парванда оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо қарори суд номбурда бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба андозаи 100 нишондиҳанда (5800 сомонӣ) ҷарима шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.