Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як марди 36-соларо барои муомилоти ғайриқонунии симоб боздошт карданд.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд дастгир карда шуд.

Рӯзи 11-уми апрел аз ӯ дар ҳудуди минтақаи Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як зарфи шишагӣ, ки дар дохилаш моеъи рангаш нуқрагӣ буд, дарёфт ва гирифта шуд. Моеъи мазкур моддаи заҳролуди “симоб” буда, вазни хоси умумиаш 1 килою 167 граммро ташкил медиҳад.

Нисбат ба гумонбар бо моддаи 206 қисми 3-и КҶ ҶТ (Вайрон намудани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо, моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.