Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз як гурӯҳ нашъаҷалобон 70 кг воситаи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, фаъолияти пинҳонии як шабакаи дигари интиқолдиҳандаи воситаҳои нашъадорро, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба дигар кишварҳои хориҷӣ интиқол медоданд, ошкор намуданд, ки дар рафти амалиёт аз қочоқчиён зиёда аз 70 кг воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира карда шудааст.

Дар натиҷаи пешбурди амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд, Раҷабалӣ Дарғиев соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, оиладор соҳиби 2-фарзанд, дар зодгоҳаш деҳаи Муродбахши ноҳияи Фархор, дастгир карда шудааст. Зимни кофтуков аз манзили истиқоматиаш дар се борхалтаи полиэтиленӣ миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор аз ҷумла, 68 кг 672 грамм воситаи нашъадори навъи «Афюн» ва 1 кг 964 грамм маводҳои психотропии навъи «Метаамфитамин», дар маҷмӯъ ба миқдори 70 кг 436 грамм дарёфту мусодира карда шудааст.

 Дар идомаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ чеҳраи як нафари дигари нашъаҷаллоб ҷилванамоӣ намуд, ки роҳбарии ин шабакаи фаромилии нашъаҷаллобро ба уҳда доштааст. Ин нафар шаҳрванд Девонақулов Баҳодур Баҳоуддинович, соли таваллудаш 27.03.1979 сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Фархор, деҳаи Марғзор мебошад, ки қаблан бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст.

Зимни баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда айни замон дар Федератсияи Россия қарор дошта, ҳамаи амалиёт ва схемаҳои ғайриқонунии додугирифти воситаҳои нашъадор аз ҷумла, интиқоли воситаҳои гуногуни нашъадор аз ҶИ Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба кишварҳои хориҷӣ фиристондани онро тавассути телефони мобилӣ назорат ва роҳнамоӣ карда, дар ин кор дастгиршуда Дарғиев Раҷабалиро ҳамчун шахси боваринок истифода мебурдааст.

Дастгиршуда Раҷабалӣ Дарғиев дар асоси маслиҳати пешакӣ мебоист ин 70 кг маводи нашъадори мусодирашударо ба шаҳрванд Баҳодур Девонақулов, ки соҳиби асосии воситаҳои нашъадор шинохта мешавад, интиқол диҳад. Дар доираи тафтиши парванда муайян карда шуд, ки номбурда баҳри ба даст овардани ин маводи заҳрогин роҳу усулҳои гуногунро истифода намуда, воситаҳои нашъадорро танҳо дар вақти шабона аз қочоқчиёни афғон қабул менамудааст. Дастгиршуда Дарғиев  бо мақсади пинҳон доштани амалҳои ҷинояткоронаи худ ва нафаҳмидани атрофиён ба таври махсус ва рамзнок, яъне бо овози ҳайвонҳои саҳроӣ бо интиқолдиҳандагони воситаҳои нашъадори афғон гуфтугӯ намуда, додугирифти воситаҳои нашъадорро амалӣ мекардааст.

Оид ба далелҳои мазкур айни замон нисбат ба гумонбаршавандагон Раҷабалӣ Дарғиев ва Баҳодур Девонақулов тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ-такроран) бо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, Баҳодур Девонақулов ҳамчун роҳбари шабакаи трансмиллии нашъаҷаллобӣ дар ҷустуҷӯӣ расмӣ қарор дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.