Ду корманди Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба гирифтани пора барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муфаттиши шуъбаи тафтишотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Баҳрулло Боқиев ва ваколатдори калони оперативии ҳамин Раёсат Солибой Солеҳзод моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Абдусамад Ҳоҷибоев барои нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 1000 доллари ИМА пора гирифтаанд. Ӯ гӯё бо роҳи дуздӣ аз Русия ба Тоҷикистон воситаи нақлиёт ворид кардааст. 

Гуфта мешавад, ки онҳо бо ҳамин тарзу усул аз шаҳрванд Шуҳрат Исҳоқов низ 9 ҳазор доллари ИМА талаб карда гирифтаанд.

Нисбат ба Боқиев ва Солеҳзод мутобиқи моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии он идома дарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.