Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сардори Хадамоти тиббии яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд.

Тавре маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, як марде ба ин сохтор муроҷиат карда, мегӯяд, ки сардори хадамоти тиббӣ Гулнора Кенҷаева барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш аз ӯ маблағи 30 ҳазор сомонӣ (2910 доллар) талаб кардааст.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Гулнора Кенҷаева баъди аз шаҳрванд гирифтани маблағи 30 ҳазор сомонӣ боздошт шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда бо моддаи 247, қ. 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар ин модда то 12 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул гардидан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.