Суди Пресненскии Маскав собиқ иштирокчии ба истилоҳ “Парвандаи Маскав” Самариддин Раҷабовро барои иштирок дар раҳпаймоии мувофиқанашудаи рӯзи 5 июн ба муҳлати 18 рӯз ба ҳабс гирифт. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Суд Раҷабовро дар содир намудани қонуншиканӣ мутобиқи қисми 8, моддаи 20.2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазои 18 рӯзи ҳабси маъмурӣ таъин кард.

Дар мурофиаи судӣ қайд шудааст, ки санад нисбати Раҷабов пас аз иштироки ӯ дар раҳпаймоии мувофиқанашуда рӯзи 5 июн дар Маскав тартиб дода шудааст.

Раҷабов рӯзи 9 июн боздошт шуд. Суд ӯро дар такроран вайрон кардани тартиботи баргузории чорабиниҳои оммавӣ (қ. 8, моддаи 20.2 КҲМ) гунаҳкор эътироф кард. «МБХ медиа» менависад, Раҷабов ба гуноҳаш иқрор нашудааст.

Қобили зикр аст, ки Самариддин Раҷабов рӯзи 27 июл дар гирдиҳамойии эътирозӣ дар Маскав низ иштирок карда буд. Ӯро ба ҳабс гирифта, дар иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис айбдор карданд. Раҷабов бо он айбдор шуд, ки дар гирдиҳамойии эътирозӣ дар Маскав ба сӯйи кормандони Росгвардия шишаи пластикӣ ҳаво дода, бар асари он се корманди пулис осеб дидаанд.

Раҷабовро гунаҳкор эътироф намуда, 100 ҳазор рубл ҷарима карданд. Бо назардошти муҳлати боздошт дар ҳабс ва вазъи моддӣ, суд Раҷабовро бе ҷазо ҷавоб дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.