Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд барои то худкушӣ оварда расонидани ҳамсараш ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, муҳлати ҷазоро ӯ дар муассиса ислоҳии низомаш пурзӯр адо мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Ғуломҷон Раҳимов моҳи ноябри соли 2001 ба сокини маҳаллӣ Онаҷон Раҳимова хонадор шуда, “давоми зиндагии якҷояашон бо ҳамсараш муомилаи бераҳмона карда, ӯро азобу уқубат ва нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ раво дида, мунтазам шаъну эътиборашро паст зада, лату кӯб кардааст”.

“11 феврал дар манзили истиқоматиаш ҳамсарашро бо баҳонаи он, ки ба ӯ чойи хунук наовардааст, дар бистари хобаш бо дастонаш ба узвҳои баданаш зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад,  дар натиҷаи ин кирдори бераҳмона ҳамсараш 13 феврал дар болои боми оғилхонаи манзили истиқоматиаш бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ зада, ба ҳалокат расидааст.

Зикр мегардад, ки бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 02 апрели соли 2020 Ғуломҷон Раҳимов дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 109, қ.2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (ба худкушӣ расонидан) гунаҳкор дониста шуда, ба 6 соли зинони низомаш сахт маҳкум карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.