Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе наздики 40 кило маводи мухаддири афюн ва беш аз 2,2 ҳазор дона ҳабҳои “экстази”-ро мусодира карданд.

Тавре хадамоти матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, шаҳрванд Собирҷон Содиқови 32-сола дастгир ва аз ӯ 2 ҳазору 224 дона ҳабҳои “экстази” дарёфт ва мусодира шудааст. Таҳвилгари маводи мухаддир Рамазонзода Зафари Хуршед, ки ин маводи психотропиро дар мошинҳои боркаш дохили қуттиҳои чой пинҳон карда мефиристодааст, мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст.

Ҳамчунин дар бораи мусодираи қариб 40 кило афюн хабар дода мешавад. Сокини 63-солаи ноҳияи Дарвоз Гулмирзоев Давлатмирзо бо ду ҷиянаш Алишер  ва Алидод Гулмирзоевҳо дар пойтахт ба гумони нигаҳдории зиёда аз 23 кило афюн боздошт шудаанд.

Сокини 67-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Нуров Амиршо ва сокини 62-солаи ноҳияи Ҷайҳун Азамҷон Ҷӯрабеков бо зиёда аз 15 кило афюн дастгир шудаанд.

Аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.