Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз идомаи амалиёти “Чароғаки шуълавар” хабар медиҳад.

Тавре маркази матбуоти Раёсат иттилоъ медиҳад, ҳадаф аз баргузории амалиёт ошкор кардани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии сигналҳои нурафшону махсус ва фурӯши онҳо дар бозорҳо мебошад.

Гуфта мешавад, зимни рейди навбатӣ дар доираи амалиёт аз фурӯшандагон 52 адад асбоби чароғаки шуълавари рангҳои гуногун ва 21 адад асбобҳои садодиҳандаи махсус дарёфту мусодира карда шуданд. Қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, ҳар кадоме 580 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт 144 ҳолати насбу истифодаи сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғакҳои шуълавари нурафшон ошкор карда шуда, ронандагон дар ҳаҷми аз 3 то 5 нишондиҳандаи ҳисоб (аз 174 то 290 сомонӣ) ҷарима шудаанд.

Раёсати ВКД дар Душанбе қайд карданд, ки истифодаи сигналҳои махсус ва нурафшон аксаран дар мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.