Сокинони шаҳри Ваҳдат барои ташкили пойгаи ғайриқонунӣ дар кӯчаи Айнии пойтахт боздошт шуданд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар асоси навори ба онҳо воридшуда маълум гардид, ки шабона 2 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрави тамғаҳои «Лада-Приора», аломати қайди давлатиаш 3635 ВХ 01 ва «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 7771 МС 01 дар шоҳроҳи кӯчаи Айнии пойтахт пойгаи ғайриқонунӣ ташкил карда, бо садои гӯшхарошу суръати баланд оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд.

Вобаста ба ин ҳолат зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи ««Лада-Приора» Зиёбой Рустамов, соли таваллудаш 2000 ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Шаҳром Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1996, сокинони шаҳри Ваҳдат буда, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

Акс аз торнамои dushanbepolice.tj

Айни замон ҳар ду мошин дар ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД қарор дошта, нисбат ба ронандагон мутобиқи моддаи 326 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор доранд.

Акс аз торнамои dushanbepolice.tj

Тибқи муқаррароти моддаи мазкур, ин ронандагонро барои кирдори содиркардаашон ҷарима ба маблағи аз 13 ҳазору 750 сомонӣ то 16 ҳазору 500 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.