Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон як келини 19-солаи хонадон даст ба дуздии пулҳои хусураш задааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, сокини 66-солаи ноҳияи Восеъ ба ШВКД муроҷиат карда, мегӯяд, моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ келини 19-солааш, ки сокини ҳамин ноҳия аст, 9,8 ҳазор сомонӣ пулҳои ӯро аз сейфи оҳанинаш дуздидааст.

“Инчунин моҳи июни соли равон ӯ боз 2 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, маблағи пулҳои дуздидаи келин аз хусур ҳамагӣ беш аз 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи далелҳои мазкур тафтишот бурда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.