Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯйи далели лату кӯби хоҳарони дугоник Зуҳро ва Фотима Балосоваҳо ҷавонзани 24-сола аз Нуробод Ҷонона Сайфиддиноваро боздошт карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе, баъд аз рӯзи 2-юми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудани навори видео дар бораи латукӯби ду духтар, кормандони милитсия ба ҷустуҷӯйи ин ҷавонзан оғоз карданд.

“Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ муайян карда шуд, ки Сайфиддинова дар ҳолати сархушӣ ҳангоми рӯ ба рӯйи «Корхонаи нассоҷӣ» қарор доштанаш бо хоҳарон-дугоникҳо муноқиша карда, онҳоро мавриди латукӯб қарор додааст, - қайд мешавад дар хабар. - Ҳамзамон нисбат ба номбурдагон суханони қабеҳ гуфта, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст”.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Ҷонона Сайфиддинова барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.