Додгоҳ сокини пойтахтро барои суханони қабеҳ ва осеби ҷисмонӣ расонидан ба як ҷавондухтар ба муҳлати 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кардааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, духтари 20-сола ба мақомоти милитсия аз кирдори бадахлоқонаи як ҷавон шикоят бурдааст. Дар натиҷа муайян шудааст, ки ҷавон Валиҷон Бекзода, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи пойтахт будаааст.

Номбурда 3-юми июли соли ҷорӣ ҳангоми қарордошт дар кӯчаи Ф.Ниёзӣ, назди мағозаи “Артел” духтарро ба наздаш даъват карда, мехоҳад якҷоя дар ягон мавзеи фароғатӣ ба чилимкашӣ машғул шаванд. Аммо духтар ба хашм омада, ин даъвати ӯро рад мекунад, чун бори аввал ҷавонро дида, байнашон ягон муносибати шиносоӣ вуҷуд надорад.

“Дар ин лаҳза Валиҷон Бекзода дар ҷойи ҷамъиятӣ ва дар ҳузури дигар дугонаҳои духтар ӯро дашному суханони қабеҳ гуфта, ҳамзамон бо роҳи кашидани мӯйи сар ба ӯ озори ҷисмонӣ расонидааст”, - хабар додааст маркази матбуоти РВКД.
Акс аз торнамои dushanbepolice.tj

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрванд Валиҷон Бекзода бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин гардид. Ӯ ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таҳти муҳофизати қонун қарор дорад. Дар ҳолати поймол шудани он, шаҳрвандон метавонанд ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд. Ҳамаи муроҷиат, арзу дархост ва шикоятҳо мавриди санҷиши ҳаматарафа ва чораҷӯии саривақтӣ қарор дода шуда, аз натиҷааш тавассути сомонаи Раёсат хабар дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.