Суди шаҳри Душанбе баррасии парвандаро нисбат ба Юсуф Зиёев бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтарчаи хурдсол оғоз кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди пойтахт Асомиддин Бобохонзода хабар дод, мурофиа рӯзи 3-юми июл оғоз шуда, пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад.

Дар курсии гунаҳкорӣ шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Зиёев нишастааст, ки ба таҷовуз ба номуси духтарчаи 3-сола гумонбар дониста мешавад.

Судшаванда дар содир кардани ҷиноят бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 138, қисми 3 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик); 139, қисми 4 (Ҳаракати зӯроварии дорои  хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) ва 127, қисми 1 (Дар хатар монондан) айбдор карда мешавад.

Ба Зиёев ҳукми ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Ҷузъиёти парванда ифшо намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.