Кормандони Кумитаи тафтишоти Русия дар Ҷумҳурии Саха аз рӯйи далели дарёфти қабристони ғайрирасмӣ дар шаҳри Якутск санҷиш оғоз карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар Якутия (Ёқутистон), гӯрҳо рӯзи 5 июл дар мавзеи назди фабрикаи парандапарварии шаҳри Якутск дарёфт шудаанд.

“Дар ҷараёни чорабиниҳои аввал муайян карда шудааст, ки 5 июл дар майдони ҷангал, 300 метр дуртар аз қабристон дар мавзеи фабрикаи парандапарварӣ панҷ гӯр дарёфт шудааст, ки сетоаш лавҳа (санг) надоранд”, - қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, шахсияти ду нафар шахсони гӯршуда муайян гардида, доир ба муайян кардани шахсияти се нафар боқимонда гӯршудагон тадбирҳо андешида мешаванд.

Тибқи иттилои РИА Новости, қаблан ВАО бо истинод ба корхонаи “Ритуал” хабар доданд, ки ду нафари гӯршуда зодагони Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд. Шахсияти боқимонда то ҳол мълум нест. Роҳбарони ҷамъиятҳои миллӣ дар пайи ошкор кардани ҳама ҷузъиёти масъалаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш дар мавриди ин масъала қарори дахлдор қабул карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.